Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ
25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳайати Маҷористонро – ҳамраиси Комиссия, муовини Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорат Адам Штифтер роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласа инчунин роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони сохторҳои марбутаи кишвар сафарбар гардиданд.
Дар кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ намояндагони муассисаҳои ҳукуматии ҳарду кишвар иштирок доштанд, масъалаҳои васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, маориф ва тандурустӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Маҷористон дархост намуд, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои обёрӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна, зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистон бо мақсади таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Маҷористон, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар, инчунин таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ барои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, коркарди маҳсулоти нассоҷӣ ва кишоварзӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон қайд бояд намуд, ки дар рафти сафари мазкур ҳайати Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдори Маҷористон як қатор вохӯриҳои самаранок баргузор намуданд.
24 ноябри соли 2022 боздиди ҳайат аз Кластери мудирияти оби Маҷористон (the Hungarian Water Treatment Cluster) ва мулоқот бо роҳбарияти муассисаи мазкур Чаба Ҳаранӣ сурат гирифт.
Дар рафти боздид ҳайат бо таҷрибаи Маҷористон дар соҳаи мудирияти об ва навовариҳои ҷоришаванда шинос шуда, ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон 24 ноябри соли 2022 мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Маҷористон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Маҷористон, имкониятҳои тавсеаи робитаҳо бахусус тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ҷалби маблағгузории Эксимбонки Маҷористонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд бояд намуд, ки мулоқот ва вохӯриҳои дар рафти сафари мазкур баргузоргардида самарабахш буда, дар анҷоми ҷаласаи Комиссия ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ изҳор намуданд.
Ҳамзамон 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Будапешт дар ҳошияи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 2-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқоти ҳайат бо Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои барномаҳои рушди Маҷористон Тристан Ажбей баргузор гардид, ки ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла дар доираи вохӯрӣ ба ҷониби Маҷористон пешниҳод гардид, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои нави Маҷористон дар самти обёрӣ ва энергетика бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монанд.
Аз натиҷаи ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ Протоколи расмӣ ба имзо расонида шуд.