Баррасии масъалаи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 6 декабри соли 2022 ҷамъомади иқтисодӣ дар мавзӯи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас дар самти рушди иқтисоди «сабз» дар кишвар андешида шуда истодааст.
Аз ҷумла дар доираи иҷрои вазифаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, 30 сентября соли 2022 ба тасвиб расид.
Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.
Ҳаҷми маблағгузрории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ намудааст, ки дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.
Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват ба амал оварда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамчунин дар бахшҳои алоҳидаи чорабинии мазкур аз ҷониби сардорони сарраёсатҳои вазорат, Аҳадзода Баҳодур ва Манучеҳра Мадҷон вобаста ба масъалаҳои иқтисоди сабз ва мониторингу арзёбии хуҷҷатҳои стратегии кишвар рӯнамоҳо пешниҳод карда шуданд.