Масъалаи яктарафа озод намудани пардохти боҷҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон муҳокима гардид
Рӯзи 9 декабри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари ҳайти расмии Иттиҳоди Аврупо, Мушовири Директори генералии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба савдо хонум Эва Синоветс баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо пайваста рушд мекунад. Аз ҷумла тиҷорати дуҷониба дар 10 моҳи соли 2022 14,1 фоиз афзоиш ёфт. Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои ҳадафҳои рушди Тоҷикистон лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд.
Хонум Эва Синоветс низ дар ҷавоб ба дархости пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо омодагии худро ҷиҳати гузаронидани муҳокимаҳо оид ба яктарафа озод намудани пардохти боҷҳои гумрукӣ нисбати молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.