Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон

.

9 декабри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Давид Грихтинг дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Конфедератсияи Швейтсария таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар натиҷаи тақвияти ҳамкориҳо тиҷорати дуҷониба дар 10 моҳи соли 2022 ба 285, 4 млн. доллар баробар гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2021 39,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо оид ба тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар, ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Швейтсария табодули назар намуданд.

Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, бахусус бомаротиб зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Вобаста ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла тадриҷан зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулот аз алюминий, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.