Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Саммити ҳамкориҳои самаранок барои рушд 2022”

.

12-14 декабри соли 2022 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар “Саммити ҳамкориҳои самаранок барои рушд 2022”, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардид, ширкат варзиданд.

Саммитро Президентҳои Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Касис, Ҷумҳурии Молдова хонум Мария Санду, Ҷумҳурии Руанда Поул Кагаме ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшиданд.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, доир ба татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Устувор, муаррифии Стратегияи иқтисоди сабз барои давраи то соли 2037, инчунин тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ маълумот манзур намуд.

Ҳамзамон Абдураҳмонзода А.С. роҷеъ ба аҳаммияти маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ таъкид намуда, аз шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин раванд даъват ба амал овард.

Дар ҳошияи Саммити мазкур ҷаласаҳои алоҳида дар бахшҳои муҳити зист ва тағийрёбии иқлим, рушди иқтисоди сабз, тандурустӣ, маориф ва илм, таъмини амнияти озуқаворӣ, барқарорсозии иқтисодиёти ҷаҳонӣ пас аз COVID-19, баробарии гендерӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши хусусӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Аз натиҷаи ҳамоиш Эъломияи “Саммити ҳамкориҳои самаранок барои рушд-2022” қабул мегардад.