Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Котиби давлатии Вазорати банақшагирии рушди Индонезия
14 декабри соли 2022 - дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи “Саммити ҳамкориҳои самаранок барои рушд 2022” мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Котиби давлатии Вазорати банақшагирии рушди Индонезия Тауфик Ханафӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия имкониятҳои фаровон бобати таҳким ва тавсеаи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун доранд.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ аз тарафи Муовини вазир зарфиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон манзур гардида, дар ин радиф ба ҷалби бештари сармоя даъват ба амал оварда шуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида иброз намуда, ба мувофиқа омаданд, ки дар фурсати наздиктарин вохӯрии муаррификунандаи имкониятҳои кишварҳоро дар шакли видеоконфронс баргузор менамоянд.