Вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия
13 декабри соли 2022 вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Бурков Александр Леонидович баргузор гардид.
Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Путин Владимир Владимирович муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Қайд гардид, ки Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даҳсолаи охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои таъсиси корхоноҳаи муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Омск, сохтмони марказҳои тақсимоти яклухт, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти истихроҷи маъданҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти мазкурро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.