Навиди Вазорат



Мизи мудаввар ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд

.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди “сабз” рӯзи 14 декабри соли 2022 ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо семинари омӯзиши дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳо дар Душанбеи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САХА) баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ва Намояндаи САХА дар Тоҷикистон Кай Вегерих бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Бо мақсади амалӣ намудани банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентября соли 2022, №482 ба тасвиб расидааст.

Мақсади Стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.

Бинобар ин дар доираи Нашаи амали Стратегияи мазкур гузаронидани семинарҳои омӯзиши барои кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ ва дигар сохторҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар семинари мазкур рӯнамои табиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 пешниҳод гардида, сипас модули омӯзишӣ дар гурӯҳҳо бо мавзӯъи “Роҳҳои ба амал овардани ташаббусҳои иқтисоди сабз” баргузор гардид.

Дар ин асосҳо ва бо мақсади рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди амалисозӣ қарор мегирад.