Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) шартномаҳои грантӣ ба имзо расонида шуд
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Германия корбарӣ дорад.
Бо ин мақсад рӯзи 17 декабри соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушди дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер “Шартнома оид ба пешниҳоди грант байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани офатҳои табиӣ дар натиҷаи тағйирёбии иқлим” ва “Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) дар бораи сохтмони беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сил ва таҷҳизонидани Маркази миллии бемориҳои шуш, сил ва ҷароҳии қафаси сина дар шаҳри Душанбе” ба маблағи 21,5 млн. евро грант ба имзо расониданд.
Аз ҷумла дар доираи Шартнома оид ба пешниҳоди грант байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон ба маблағи 20 млн. евро евро грант аз ҳисоби “Ташаббуси Германиягӣ оид ба технологияҳои ҳифзи иқлим” барои тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи замини мутобиқшуда ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ равона гардида, дар доираи он шаҳрҳои Кӯлоб ва Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Рашт ва Мӯъминобод фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо («Гиранда») ва Бонки Олмонии Рушд (KFW) ба маблағи 1,5 млн. евро барои Барномаи мубориза бар зидди касалиҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад, ки дар доираи он сохтмони беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сил ва таҷҳизонидани Маркази миллии бемориҳои шуш, сил ва ҷароҳии қафаси сина дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.