Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Исломии Рушд

.

9 январи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Исломии Рушд бо роҳбарии Эмре Эсер баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар рафти вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла Таҷдид ва барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад. Роҳи автомобилгарди мазкур аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои рушди мусофиркашонию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ низ баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.