Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Россия ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд
3 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Россия Решетников Максим Геннадиевич вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Путин Владимир Владимирович ҳамкориҳои дуҷониба бомаротиб рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стартегии боэътимоду дустона баромаданд.
Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Россия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, даҳ соли охир инҷониб дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар натиҷа, дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳо 1674 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021-ум 321 миллион доллар, ё 23,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳаматарафа ба сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ва Форуми сармоягузории сатҳи баланди Тоҷикистону Россия, таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории 9-умин Конфронс оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи рафти иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мубодилаи маълумот намуданд.
Инчунин ҷонибҳо омодагии худро барои андешидани чораҳо ҷиҳати афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти тоҷикистонӣ ба ҷониби Федератсияи Россия изҳор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати россиягӣ пеш аз ҳама барои пешвози гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуд.