Навиди Вазорат



Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд аз иншооти НБО «Роғун» боздид намуд

.

7 феврали соли 2023 ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Мансур Мухтор баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуд.

Қайд бояд кард, ки қаблан аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағҳои Бонки Исломии Рушд барои сохтмони НБО «Роғун» дархост гардида буд, ки аз ҷониби бонки мазкур дастгирӣ ёфт.

Дар натиҷа Бонки Исломии Рушд омодагии худро барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 миллион доллар, аз ҷумла 150 миллион доллар барои сохтмони НБО «Роғун» иброз намуд.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.