Навиди Вазорат



Ҷаласаи 8-ми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

.

2 марти соли 2023 дар шаҳри Вена ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода роҳбарӣ намуда, ба он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода, Муовини вазири молия Сарвар Қурбониён, Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии кишвар шомил шуданд.

Ҳайати Австрияро ҳамраиси Комиссия, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия Франс Вессиг роҳбарӣ намуда, намояндагони расмии мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии кишвари мизбон дар нишасти мазкур ҳузур доштанд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, идораи офатҳои табиӣ ва  рақамкунонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.