Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар
9 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фанниро баргузор намуда, дар доираи он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, содироти молу маҳсулот ва дигар соҳаҳо ҳамкориҳоро густариш диҳанд.
Дар ин замина ҳамчунин барои зарурати фаъолсозии робитаҳои бахши хусусӣ ва нақши муассири он дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар таъкид карда шуд.
Ҳамзамон Завқизода З. А. пешниҳод намуд, ки бо мақсади иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои роҳбарони олии ҳар ду кишвар, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба, Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузорӣ таъсис дода шавад.
Инчунин Завқизода З. А. аз Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.