Навиди Вазорат



Анҷоми ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

28 марти соли 2023 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №72-ф дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва дар маҷмӯъ таъмини устувории макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.

Аз ҷониби Восидиён Ф. С. ба намояндагони вилоят ва шаҳру ноҳияи қайдгардида тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси шаҳри Душанбе – Абдураҳмонзода А. С., Муовини якуми Раиси ноҳияи Шаҳринав – Анварзода О. ва мудири Бахши рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон – Валиев Х. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.