Навиди Вазорат



Ҷаласаи 3-юми Зеркумита оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

.

19 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Зеркумита оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Сара Риналди – Сардори Департаменти Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ, Директори генералии INTRA, Комиссияи Аврупо роҳбарӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласаи Зеркумита роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони сохторҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла муовинони вазирҳои молия, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва ғайра иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвият додани ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамянд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи Барномаи нави индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+), мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Солеҳзода А. А. вобаста ба ҷали бештари сармояи Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани маблағҳои лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин маблағгузории НБО “Роғун” ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан корхонаҳои нассоҷӣ, сохтмони неругоҳи барқии хурду миёна пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Дар анҷоми ҷаласаи Зеркумита ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.