Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзян баргузор гардид
27 апрели соли 2023 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзян бо роҳбарии Лин Ҷун ҷиҳати густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба вохӯрӣ анҷом дод.
Дар доираи вохӯрӣ, вобаста ба масъалаҳои тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музофоти Футзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Ҳамзамон аз ҷониби Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.