Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид

.

3 майи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. пеш аз ҳама Сафири Ҷумҳурии Туркияро ба масъулияти нав гирифтанаш табрик карда, қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи баланд баромадаанд.

Қайд гардид, ки дар соли 2022 гардиши савдо бо Туркия 351,2 миллион долларро ташкил дод. Инчунин дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркия 98,4 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 миллион доллар ё 17,3 фоиз афзоиш ёфта аст.

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф намуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пуст, меваю сабзавот, хурокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шаванд, ки аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи «Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2022-2025» ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) густариши ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.