Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Рӯзи 12 майи соли 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд зери мавзӯи “Ҳамкорӣ барои пешгирии буҳронҳо” дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабиниҳо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Сулайман Ал Ҷассер суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар соли 2022 лоиҳаҳои сармоягузории тасдиқшудаи бонк маблағи умумии 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, аз ҷумла 1 миллиард доллар барои маблағгузории тағйирёбии иқлим, 1,2 миллиард доллар рушди нақлиёти мултимодалӣ, 370 миллион доллар рушди энергияи сабз ва барқароршаванда ва 85 миллион доллар рушди технологияҳои иттилоотӣ комуникатсионӣ.
Бонк тибқи стратегияи қадулнамудаи худ ҷудо намудани 13 миллиард долларро барои тағйирёбии иқлим, 10 миллиард доллар таъмини амнияти озуқаворӣ ва 4,3 миллиард доллар барои бартараф намудани оқибатҳои пандемия оғоз намуд.
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо маблағи умумии 7,4 миллиард доллар ва Корпоратсияи Исломии Рушди Бахши Хусусӣ 525 миллион доллар ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон Бонк дар стратегияи қабулнамудаи худ 3 самти асосӣ, рушди ифрасохтори устувор, сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоӣ, инчунин технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсиониро ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян намудааст.
Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд якҷо бо чорабиниҳои канорӣ идома меёбанд.