Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии рушди одилона, молия ва муасисиссаҳо

.

Рӯзи 16 майи соли 2023 Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид бо ҳайати расмии Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии рушди одилона, молия ва муасисиссаҳо хонум Лалита Мурти вохӯрӣ баргузор намуд.

Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои, таъмини рушди устувор ва суръатноки иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва кам намудани вобастагии кишвар аз омилҳои беруна мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 30-солагии ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дарназар аст ва боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуданд.