Стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) баррасӣ гардид
26 майи соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии БИР аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии Директори минтақавии он дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо Гурӯҳи БИР то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон БИР - ро ҳамчун шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
Дар доираи вохӯрӣ Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР мавриди муҳокима қарор гирифт.
Стратегияи мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар барои 3 соли минбаъда равона карда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар доираи Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР ба соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, рақамикунонӣ ва бахши хусусӣ афзалияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.