Навиди Вазорат



Ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

29 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуро) таҳти роҳбарии Раиси Шуро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва дигар аъзои Шуро баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи ҳафтуми Шуро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар баҳри зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва истифодаи технологияи нави иттилоотӣ баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирон ва мутобиқ намудани онҳо ба бозорҳои меҳнат, инчунин роҳандозии фишангҳои сиёсати монетарӣ ва дигар механизмҳо барои коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Шуро Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани чораҳои саривақтӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, бахусус вазъи иқтисоди глобалӣ устувории макроиқтисодӣ ва суботи молиявӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардиданд. Дар натиҷа нишондиҳандаҳои калидии иқтисодӣ рушди воқеии ММД дар чор моҳи соли 2023 8 фоиз, сатҳи таваррум 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа пасттар ҷамъбаст гардид. Дар чунин фазои мусоид фаъолияти бемамонияти низоми бонкӣ нигоҳ дошта шуда, қурби пули миллӣ муътадил арзёбӣ гардид.

Дар рафти ҷаласаи аъзои Шуро бо пешниҳоди рӯнамоҳо марбут ба рушди ҳисоббаркуниҳои ғайринақдӣ, мутобиқ намудани баҳисобгирии молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди бозори ипотека анҷом доданд.

Дар ҷараёни пешниҳоди рӯнамоҳо қайд карда шуд, ки вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамчунин беҳтар намудани ҳисоботҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ, омӯзиши  таҷрибаи ҷаҳонии бозори ипотека ва имкониятҳои татбиқи он ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Бахусус таъкид гардид, ки дар солҳои охир шумораи ҳамёнҳои электронӣ қариб 2 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ анҷомдодашуда аз 4,9 фоизи соли 2018 то 12,0 фоиз дар соли 2022 расонида шуд.

Дар робита ба мавзуи дигар,  рӯнамо оид ба мушкилот, монеаҳо ва нақшаҳои минбаъда дар самти пурра ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии молиявӣ ва мутобиқ намудани ҳисоботҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ ба таҷрибаи ҷаҳонӣ манзур гардид.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Шуро рӯнамо вобаста ба мушкилиҳо ва роҳҳои рушди бозори ипотека дар ҷумҳурӣ, бахусус ҷиҳати дуруст баҳогузории хавфҳои эҳтимолӣ дар бозори ипотека, пурзӯр намудани  танзими фаъолияти бозори ғайриманқул, ба роҳ мондани мониторинг ва омори расмии нархи амволи ғайриманқул аз рӯи минтақаҳо аз ҷониби масъулин пешниҳод гардид.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби Шуро вобаста ба таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ, коҳиш додани хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ, рушди бозори аввалияи ипотека қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ҳамзамон, аъзои Шуро дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати то ба охир пайгирӣ намудани масъалаҳои вогузоршуда ва иҷрои бетаъхир ва сифатноки қарорҳои қаблан қабулшуда вазифадор карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331) таъсис дода шудааст.