Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ
6 июни соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии авруосиёӣ Ивлиев Григорий Петрович баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин идомаи татбиқи барномаҳои дахлдор доир ба тақвияти иқтидори кадрии коршиносони соҳа ва мубодилаи таҷриба дар ин самт, дастгирии паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва татбиқи минбаъдаи ихтироотҳои сабтшуда табодули андеша сурат гирифт.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви муҳими Ташкилоти патентии авруосёгӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамгироии авруосиёгӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.