Навиди Вазорат



Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд вобаста ба ҳисоботи нақшаи кории Созмони ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)

.

13 июни соли 2023 дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ (RTG) ва Кумитаи ҳамкориҳои гумрукӣ (CCC)-и Созмони ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур иштирокдорон масъалаҳо вобаста ба модернизатсияи гумрукӣ, содагардонии савдо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (SPS), рақамикунонии савдо ва дигар ташаббусҳои фарогир дар доираи Барномаи ҳамгирошудаи савдои CAREC барои давраи то соли 2030 (CITA), тасдиқи ҳисоботи бахши тиҷорат дар соли 2023, инчунин Нақшаи амалии стратегии (RSAP) 2023-2025-ро муҳокима намуданд.