Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мизи мудаввар дар Душанбе

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахти кишвар «Сеюмин мизи мудаввари Хитой» бо ташаббусу дастгирии бевосиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ба кори худ оғоз бахшид.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми Созмони умумиҷаҳонии савдо, мин ҷумла Муовини Котиботи Генералии СУС Дэвид Шарк, роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва масъулини дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар, инчунин намояндагони 20 давлати аъзо ва ҷумҳуриҳои нозир ширкат доранд.

Чорабиниро Муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки дар ин раванд ба масъалаҳои истифодаи пурра ва самараноки иқтидори истеҳсолӣ, ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар кардани сифати молҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳо, коҳиш додани хароҷотҳои зиёдатӣ, истифодаи пурсамар ва мақсадноки захираҳо, соддакунӣ ва шаффофияти тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Дар идома мавсуф афзуд, ки 6 майи соли ҷорӣ парлумони кишвар Созишнома оид ба соддакунии расмиёти савдоро тасдиқ намуд, ки ин дар байни давлатҳои аъзои СУС ва минтақа муваффақияти беназир ба ҳисоб меравад, чунки Тоҷикистон дар байни 161 давлати аъзои СУС 5-умин кишваре мебошад, ки созишномаи мазкурро тасдиқ намудааст.

Бояд гуфт, ки мизи мудаввари мазкур бо мақсади табодули таҷриба байни кишварҳои аъзо равона гардида, то рӯзи 5 июни соли равон идома меёбад. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное