Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авруосиёи Рушд
30 июни соли 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Авруосиёи Рушд (БАОР) Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаи солонаи Шӯрои БАОР дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.
Ҷаласаро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Смаилов Алихан Асханович раисӣ намуда, дар он масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонк, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии Бонк, тақсимоти фоидаи Бонк, диверсификатсияи сармояи оиномавии Бонк ва дигарҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар робита ба масъалаҳои қайдгардида ҳисоботи Раиси БАОР Подгузов Николай Радиевич шунида шуд.
Қайд гардид, ки новобаста ба таъсири вазъи иқтисодию молиявии глобалию минтақавӣ бақияи ҷории сандуқи сармоягузории Бонк 5 миллиард доллари ИМА ва фоидаи софи Бонк 30,7 миллион долларро ташкил дод.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Бонки АвруОсиёи Рушд Подгузов Николай Радиевич баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БАОР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин Завқизода З.А. аз Раиси БАОР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, саноатикунонӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, иқтисоди рақамӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд карда шаванд.
Дар навбати худ Раиси БАОР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, итминон дод, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк афзоиш медиҳад.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БАОР ва сохторҳои он 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн. доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаҳои грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 млн. доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми солҳои 2023-2026 БАОР барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар 650 млн. доллар маблағгузорӣ менамояд.
Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР дар семоҳаи 2-юми соли 2024 ба нақша гирифта шуд.