Иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар нахустин Форуми тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ
28 сентябри соли 2023 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар нахустин Форуми тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Нуриддинзода А.Н. зимни суханронии худ баён кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла савдо, саноат, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аҳамияти афзалиятнок медиҳад.
Маҳз ин аҳамияти хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2021-ум 23 фоиз афзуда, ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,2 фоизро ташкил дод.
Форуми қайдгардида ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони хуберо фароҳам меорад, ки равишҳои нав ва инноватсионӣ дар рушди тиҷорати электрониро бо назардошти принсипҳои ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судманд таҳия намоянд.
Ҳамзамон дар доираи Форуми мазкур Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ба имзо расонида шуд.
Дар анҷом Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ инкишоф меёбанд ва ба ҳамаи иштирокчиёни Форум дар густариши уфуқҳои ҳамкориҳо комёбӣ таманно кард.