Дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завкӣ Амин бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас” Халид Муҳаммад Ҷоло масъалаи маблағгузорӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардид
29 сентябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завкӣ Амин бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас” баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба сохтмони НБО Шӯроб суханронӣ карда, аз ҷониби ширкати энергетикии Қатарӣ даъват ба амал овард, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти бузург сармоягузорӣ кунад.
Дар навбати худ Халид Муҳаммад Ҷоло қайд намуд, ки оид ба имкониятҳои энергетикии Тоҷикистон маълумот дошта, омодагии худро барои сармоягузорӣ ба НБО Шӯроб иброз намуд.