Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи машваратӣ доир ба татбиқи қонун

.

21 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷаласаи машваратӣ бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои савдо ва бозорҳои вилоят доир гардид. Чорабинии мазкур дар кохи «Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. 

Дар оғоз муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ иштирокчиёни ҷаласаро ба Хуҷанди бостон хайрамақдам намуда, аз ташаббуси масъулин дар самти рӯ ба рӯ бо намояндагони соҳаҳои дахлдор баррасӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро бешак, омили таъсиррасон ба рушди соҳа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд.

Сипас, аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо-Зуҳриддин Кенҷаев ва гурӯҳи коршиносон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба таври комил муаррифӣ гардид. Дар идома З.Кенҷаев афзуд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маиширо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти дахлдор Нақшаи мукамалсозӣ ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» банд ба банд барои иштирокчиён муаррифӣ гардид.

Дар интиҳои ҷаласаи машваратӣ миёни масъулин ва иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа суҳбати ошкорову самимӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кушишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.