Навиди Вазорат



Иштирок ва суханронии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми Иқтисодии барномаи Махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми иқтисодии СПЕКА дар мавзӯи "Табдил додани минтақаи СПЕКА ба маркази ҳамкорӣ бо фарогирии глобалӣ" баргузор гардид, ки дар он Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СПЕКА ва дар давраи сар задани бӯҳронҳои глобалӣ ба кишварҳои минтақа зарур аст, ки ҳамкории зичи ҷомеаи байналмилалиро идома диҳанд.

Қобили қайд аст, ки имрӯз ҳиссаи кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 26 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.

Аҳамияти густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар самти рақамикунонӣ, иқтисодиёти сабз ва содда кардани расмиёти савдо қайд карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар самтҳои зикргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои назаррас амалӣ гардида, аз ҷумла Консепсия ва Барномаи рушди "Иқтисоди рақамӣ", инчунин Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардидаанд.

  

  

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное