Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд
22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микоил Чингиз оғлу Ҷабборов баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи раҳбарони ду кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ҳамкориҳои дуҷониба пайваста рушд ёфта, ба сатҳи баланди шарикии бародарона ва боэътимод расидаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафти МОИ «Данғара», бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ташкили кластерҳои агросаноатӣ, содироти алюминийи аввалия, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ТАЛКО ва пешниҳоди тахфифҳо дар ҳамлу нақли роҳи оҳан амалӣ карда шаванд. Бо ин мақсад Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи дуҷониба таъсис дода шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло қайдгардида ҳамкорӣ ва тадбирҳои мушаххасро корбарӣ менамояд.
Қайд гардид, ки пас аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2023 гардиши савдои хориҷии ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1,5 баробар зиёд гардид, ки ҳаҷми ин нишондод аз нишондоди тамоми соли гузашта баланд мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳор намуданд.