Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои пурра иҷро намудани Протоколи ҷаласаи комиссияи мазкур қадамҳои мушаххас гузоштанд
22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи ҷаласаи 18-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон Мухтор Баҳодур оғли Бабаев баргузор гардид.
Завқизода З. А. бо хушнудӣ қайд намуд, ки ба шарофати муносибатҳои бародарона, дӯстона ва самимии роҳбарони ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Илҳом Алиев имрӯз ҳамкории дуҷониба тақвият меёбанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷараёни татбиқи Протоколи ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуда, барои пурра иҷро намудани нуқтаҳои он қадамҳои мушаххас гузоштанд.