Навиди Вазорат



Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон (LITACA)

.

  

24 ноябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон” баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ифтитоҳ намуда, нақши лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон”-ро дар татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои наздимарзӣ, густариши тиҷорат байни аҳолии ҳамсарҳад ва дар маҷмуъ рушди иқтисодии ноҳияҳои ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа, ҳисобот оид ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи лоиҳаи LITACA дар соли 2023 ва нақшаи фаъолиятҳои он барои соли 2024 пешниҳод шуд. Зикр гардид, ки дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур иқтидори кормандони мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, кишоварзон, соҳибкорон аз ҷумла занон ва ҷавонон баланд бардошта шуда, имкониятҳои тиҷоратии аҳолии наздимарзӣ ва дастрасии онҳо ба маҳсулоти кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон беҳтар гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон” минбаъд низ ҳамкориро дар доираи лоиҳаи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии наздимарзӣ тақвият хоҳанд дод.