Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо даври дуюми гуфтушунидхоро вобаста ба баррасии Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро раисӣ намуд

.

  

28 ноябри соли 2023 дар шаҳри Брюссел, Белгия таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи ИА, Люк Девин даври дуюми гуфтушунидҳо вобаста ба баррасии «Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро» баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Иттиҳоди Аврупо шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, созишномаи мазкур барои боз ҳам бештар тавсеа додани ҳамкориҳои бисёрсамта заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар созишномаи номбурда густариши ҳамкориҳо миёни ҳарду ҷониб дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла иктисод ва савдо, сармоягузорӣ, иқтисоди сабз, молия, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва логистика, маориф, таҳкими сарҳадот дарҷ гардидаанд.

Ҳамзамон ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Ҳусейнзода Музаффар, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Сафарзода Манучеҳр, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Орзузода Фируз ва сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифи шомил гардида, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар тавассути шабакаи интернетӣ пайваст гардиданд.