Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 100-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

8 декабри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 100-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин (Роҳбари ҳайат), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шарифӣ Абдулазиз иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардидааст. Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, молия, мудофиа ва моликияти зеҳнӣ муҳокима гардиданд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтарсозии инфрасохтор ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии аз ҳудуди кишварҳои иштирокчии ИДМ гузаранда барои давраи то соли 2030 буд, ки барои баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли хориҷӣ ва транзитӣ саҳми назаррас дорад.

Инчунин монеаҳо дар савдои мутақобилаи давлатҳои иштирокчии ИДМ муҳокима шуда, тавсияҳо оид ба бартараф кардани онҳо қабул гардиданд.

Айни замон нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд.

Дар охир аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдорро қабул карда, як қисми онҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 24 майи соли 2024 баргузор мегардад, пешниҳод намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное