Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Агентии рейтингии байналмилалии «Standard&Poor’s»
29 январи соли 2024 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо директори Агентии рейтингии байналмилалии «Standard&Poor’s» ҷаноби Куллинан Тревор баргузор гардид.
Завқизода З. А. ба ҷаноби Куллинан Тревор доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023 маълумот пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар соли 2023 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати кишвар, барномаву стратегияҳо рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи 8,3 фоиз таъмин гардид.
Дар соли 2023 рушди иқтисоди кишвар аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 18,4 фоиз, мусофиркашонӣ 9,8 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 13,9 фоиз, аз ҷумла содирот 14,3 фоиз ба миён омад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда дурнамои рушди иқтисоди кишвар дар соли 2024 дар сатҳи 8 фоиз пешбинӣ гардидааст.
Дар охир Завқизода З. А. аз директори Агентии рейтингии байналмилалии «Standard&Poor’s» даъват ба амал овард, ки ҳангоми нашр намудани рейтинги Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба инобат гирифта шаванд.