Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

  

10 марти соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки таҳти ҳамраисии Сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли чархҳо дар заминаи ҶСК ТАЛКО барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон, инчунин сохтмони муштараки ду НБО дар дарёи Зарафшон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо қайд намуданд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва бо ҳам дӯст буд, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба яке аз шарикони стратегӣ ва боэътимод мубадал гардидаанд.

Қайд гардид, ки дар соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 504,4 млн. доллар ва вазни хоси он 6,1 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 5-ум қарор дорад. Ҳамзамон ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд доранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.