Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Аврупо вохурӣ намуд

.

  

Рӯзи 13 марти соли 2024 дар ҳошияи Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор дар шаҳри Женеваи Швейтсария Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. бо Котиби иҷроияи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) барои минтақаи Аврупо хонум Татяна Молчан вохурӣ намуд.

Завқизода З.А. ва Татяна Молчан ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои рушди “иқтисоди сабз” ва иқтисоди такрористеҳсол ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон ҷониби UNECE розигӣ дод, ки дар корҳои омодагӣ ба чорабиниҳои Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA), ки соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати онро ба уҳда дорад, кумаки техникӣ мерасонад.