Иштирок ва суханронии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11-умин Форуми содагардонии расмиёти савдои Осиё ва Уқёнуси Ором
1 апрели соли 2024 дар шаҳри Самарқанд 11-умин Форуми содагардонии расмиёти савдои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид, ки дар он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Нуриддинзода А.Н. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содагардонии расмиёти савдо, тақвияти иқтидори содиротӣ ва диверсификатсияи содиротро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд.
Барои тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақа Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати рафъи монеаҳои ғайритарифӣ дар роҳи интиқоли мол ва таъмини фаъолияти самараноки долонҳои сабз чораандешӣ намоянд.