Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC)
29 апрели соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) ҷаноби Уссома Абдураҳмон Қайсӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии кишварро муаррифӣ намуда, аз Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ дархост намуд, ки барои маблағузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ суғурта ва кафолатҳо диҳад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корпаратсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар навбати худ Уссома Абдураҳмон Қайсӣ омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.