Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин вобаста ба афзоиш додани сармоягузориҳо ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ протокол ба имзо расонида шуд
8 майи соли 2024 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, аз натиҷаи он протокол ба имзо расонида шуд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.
Зеро Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарони ҳарду давлат тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Аз ҷумла мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдор оид ба сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, маъданҳои фоиданок ва дигарҳоро дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом мерасонанд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки мушаххасро, аз ҷумла лоиҳаҳои энергияи сабз, азнавсозии Ширкати “Алюминийи тоҷик”, сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 3 эстакада ва 1 пул дар шаҳри Душанбе ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Варшез - Қулмаро татбиқ менамоянд.
Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А., Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода З. О., муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А. С., муовинони вазири молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об Қурбониён С., Сафарзода М., Саидмуродзода Ш. ва сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифи шомил мебошанд.