Навиди Вазорат



Нахустин волонтёри японӣ дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз менамояд

.

  

17 майи соли 2024 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин нахустин волонтёри япониро дар доираи Барномаи волонтёрони Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) қабул намуд.

Барномаи мазкур бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Япония амалӣ карда мешавад, равона гардидааст.

Тибқи Барномаи қайдшуда бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон волонтёрони японӣ аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Нахустин волонтёри японӣ дар доираи Барномаи қайдагардида хонум Миямото Рейко омӯзгори забони японӣ ба ҳисоб меравад.

Номбурда дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ду сол забони япониро дарс хоҳад дод.