Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd-и Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

  

21 майи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Корпоратсияи давлатии «China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин иборат аз Раиси Корпоратсияи China Pingmei Shenma Holding Group - Ли Мао, муовини Директори генералии Корпоратсияи China Pingmei Shenma Holding Group - Сзяо Чжэнин, муовини Директори генералии ширкати Pingmei Longji New Energy Technology Co., Ltd. - Ли Син, раиси ширкати Pingmei Longji New Energy Technology Co., Ltd. - Гао Чжисян, муовини сармуҳандиси China Pingmei Shenma Holding Group - Ченг Вэй, директори Департаменти амалиётҳои сармоявии China Pingmei Shenma Holding Group - Чэн Сзинвэй ва менеджери кони Сяншань ширкати Pingmei Co., Ltd. - Ли Ванли баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатиро муаррифӣ намуда, аз Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd барои сармоягузорӣ ба истихроҷи ангишт ва газ, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маркази барқу- гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, маҷмааи нассоҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани сикли пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои фармасевтӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки кишвар даъват ба амал овард, ки хуш пазируфта шуд.

Қайд бояд кард, ки Корпоратсияи мазкур аллакай дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт (400 млн. доллар сармоягузорӣ) ва лоиҳаи истихроҷ ва коркарди ангишти кони «Шӯроб» бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 млн. тонна ангишт бо коркарди минбаъдаи он ба маҳсулоти кимиёвӣ (60 млн. доллар сармоягузорӣ) фаъолияти худро оғоз намудааст.

Дар баробари ин дар доираи вохӯрии мазкур созишнома байни ҶДММ «Талант» ва Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба роҳандозии ҳамкории сармоягузорӣ ҷиҳати ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» ба имзо расонида шуд.

Барои маълумот: Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd. яке аз азимтарин гуруҳи корхонаҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишти энергетикӣ ва коксшаванда дар асоси технологияҳои «сабз» дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз ҷумла сахарини натрий, электродҳои графитии баландиқтидор ва хокаи майдаи карбиди кремний, нейлон ва пластики муҳандисӣ, риштаи саноатӣ ва матои корд мебошад. Иқтидорҳои коркарди ангишти корпоратсия 70 млн тонна, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ -200 млрд. юан, дороиҳои умумӣ зиёда аз 240 млрд юан ва фоидаи софи корпоратсия 3 млрд юанро дар як сол ташкил дода, аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯш маҳсулоти кимиёвӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва минтақаи Осиё мавқеи якумро ишғол менамояд. Корпоратсия ба қатори 50 ширкатҳои азими «сабз»-и саноатӣ ва 500 ширкати калонтарини эҳсонкори Ҷумҳурии Мардумии Чин шомил мебошад.