Навиди Вазорат



Баррасии рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо байни Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Мушовири Директорати генералии ҳамкории байналмилалии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо

.

  

30 майи соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Мушовири Директорати генералии ҳамкории байналмилалии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Ҳенрик Ҳололей вохӯрӣ намуда, тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, энергетика, нақлиёту логистика, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики рушди боэътимод ва муҳим барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ меҳисобад.

Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои номбурда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди долонҳои иқтисодию нақлиётӣ, энергетика, иқтисоди «сабз» ва рақамикунонӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Дар навбати худ Ҳенрик Ҳололей дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муваффақ арзёбӣ карда, омодагии худро барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки қайдгардидаи Тоҷикистон баён намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба омодагии худро иброз намуданд.