Навиди Вазорат



Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) Cозишномаи грантӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо ба имзо расонида шуд

.

  

5 июни соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) хонум Сабина Олтхоф дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ, ки 27 марти соли 2003 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба имзо расонида шуда буд, маросими баимзорасонии Созишинома доир ба соддагардонии савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ба имзо расониданд.

Созишнома бо мақсади соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, бозомӯзии кормандони соҳа, баргузории чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо, инчунин иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабул намудани қарорҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо равона гардидааст.

Қайд бояд кард, ки Созишномаи мазкур аҳамияти минтақавӣ дошта, маблағи умумии он 6,5 млн.евроро ташкил дода, 5 кишвари Осиёи Миёнаро дар бар мегирад, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркменистон.

Оғози татбиқи лоиҳа оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон пас аз ба имзорасонии Созишнома байни Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) барои 3 сол, яъне солҳои 2024-2026 татбиқ мегардад.