Вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия дар ҳошияи Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт-Петербург
5 июни соли 2024 дар ҳошияи 27-умин Форуми иқтисодии байналмилалии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Волвач Дмитрий Валеревич баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Солеҳзода А. А. пеш аз ҳама барои пешвози гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои дуҷониба бомаротиб рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стартегии боэътимоду дустона баромаданд.
Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Россия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, даҳ соли охир инҷониб дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи рафти иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мубодилаи маълумот намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Муминзод Камолиддин ва муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир низ иштирок доштанд ва таклифҳои худро дар самтҳои мухталиф пешниҳод карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати андешидани чораҳо барои афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти тоҷикистонӣ ба ҷониби Федератсияи Россия, инчунин боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои қайдгардида баён намуданд.