Дар ҳошияи вохӯрии Президентҳои Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд Созишнома оид ба татбиқи сохтмони НБО «Роғун» ба маблағи 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи фондҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад
10 июни соли 2024 вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо/ Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.
Дар ҳошияи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер Созишнома оид ба лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи умумии 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи фондҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.
Қайд бояд кард, ки Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Зимни вохӯрӣ қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми Бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда шуд.
Тавре дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд қайд гардид дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 916 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва минбаъд низ татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок баён намуданд.
Сафари Президенти БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.