Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)
11 июни соли 2024 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана баргузор гардид.
Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин ҳайати меҳмононро ба кишвари маҳбубамон хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) яке аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро бар уҳда дорад ва мулоқоти имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳо вобаста ба дурнамои асосии пайдо намудани диверсификатсияи роҳҳои транзитӣ, содагардонии расмиёти савдо ва нақлиёт, рақамикунонӣ ва иқтисоди сабз, дар он матраҳ гарданд.
Инчунин робитаро ба ҳамкориҳои васеътар дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором таъмин намуда, дар таҳкими дидгоҳи умумии кишварҳои аъзои SPECA дар арафаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарикунандаи он, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, саҳмгузор бошад.
Зимни мулоқот Нуриддинзода А. Н. иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ», содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ», Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул карда шуда, мавриди амал қарор доранд.
Дар навбати худ хонум Армида Салсия Алишаҳбана ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳо дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.