Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз иншооти НБО «Роғун» боздид намуд
11 июни соли 2024 Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуданд.
Қайд бояд кард, ки қаблан аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағҳои Бонки Исломии Рушд барои сохтмони НБО «Роғун» дархост гардида буд, ки аз ҷониби бонки мазкур дастгирӣ ёфта, он дар ҳошияи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Созишнома оид ба татбиқи сохтмони НБО «Роғун» ба маблағи 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи фондҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.
Президенти БИР баъди боздид ба сохтмони НБО «Роғун» баҳои баланд дода, оид ба таасуроти неки худ ба намояндагони васоити ахбори омма андешаҳои худро баён кард.
Ӯ дар китоби хотироти меҳмонон дастхати хотиравӣ гузошт.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.