Навиди Вазорат



Боздиди Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд аз боғи навъҳои гуногуни гелос дар шаҳри Ҳисор

.

  

12 июни соли 2024 Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер дар ҳошияи вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи гелос дар хоҷагии деҳқонии «Мавлонобобои Шоҳонӣ», ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуд.

Боғи хоҷагии деҳқонии «Мавлонобобои Шоҳонӣ» дар масоҳати умумии 8 гектар ҷойгир буда, асосан дар он навъҳои гуногуни меваҳои гелос, олу, зардолу ва себ парвариш карда мешаванд.  

Иттилоъ дода шуд, ки ҳосили бадастомадаи хоҷагии мазкур, ки бе истифодаи заҳрхимикату нуриҳои минералӣ парвариш мешавад, барои таъмини фаровонии бозори дохилӣ ва қисман ба содирот равона мегардад.

Зимни боздид Президенти БИР қайд кард, ки лаззати шаҳдбори навъҳои гуногуни меваҳои гелоси аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки дар шароити мусоиди иқлими Тоҷикистон меруяд, назираш дар дунё дида намешавад.

Қайд бояд кард, ки 11 июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.